Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНАТИ CAFA МИЁНИ БОНУВОН БАРГУЗОР МЕШАВАД

09.03.2022

: 419

11-15 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби бонувони то 18-сола баргузор мешавад.

Дар чемпионат мунтахабҳои ҷавонзанони Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Тими мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистонро (U-18) ба ин мусобиқа сармураббӣ Изатулло Исҳоқов омода мекунад.

Ҳамагӣ дар доираи чемпионати CAFA-2022 шаш бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Тибқи низомнома Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувони ҷавони то 18-сола тибқи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувони ҷавон (U-18)

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

1-ум давр
11 март (ҷумъа)
14:00 – Узбекистон – Эрон
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

2-юм давр
13 март (якшанбе)
14:00 – Қирғизистон – Узбекистон
17:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр
15 март (сешанбе)
14:00 – Эрон – Қирғизистон
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Узбекистон