Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ

05.02.2022

: 559

4 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими бошукӯҳи ифтитоҳи XXIV Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Дар таҳияи барнома 4 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон зиёда аз 3000 варзишгар аз 91 давлати ҷаҳон ширкат карданд.

Маросими ифтитоҳи XXIV Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Варзишгоҳи миллии Пекин, ки бо номи "Лонаи паранда" маъруф аст, баргузор шуд. Дар ин варзишгоҳ нахустин бор дар ҷаҳон ҳам маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпӣ доир шуд.

Директори маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, мисли соли 2008, Имоу Чжан буд. Яке аз вижагиҳои аслии ин маросим он буд, ки дар он ҳунарпешаҳо, овозхонҳо ва раққосони ҳирфаӣ ширкат надоштанд. Ҳама ширкаткунандагон донишҷӯён, мактаббачагон ва сокинони оддии Пекин ва музофоти Ҳбей буданд.

Мавзӯи маросим "Як ҷаҳон, як оила" буд. Дар фарҳанги Чин боварӣ доранд, ки шахси хирадманд тамоми ҷаҳонро ҳамчун як оила мебинад.

Симои асосии маросим як донаи барф буд. Ин ишора ба шеъри шоири чинӣ Ли Бай дар бораи зарраҳои барф дар кӯҳҳои Яншан, ки тақрибан 1300 сол пеш навишта шудааст, инчунин ба мақоли ғарбӣ, ки ду донаи барф яксон нест, мебошад. Идея ин аст, ки ҳама донаҳои барф гуногунанд, аммо якҷоя зимистони зебоеро месозанд, мисли одамони фарҳангҳои гуногун, бо забонҳои гуногун, ки ба Олимпиада меоянд ва хонаи умумӣ меёбанд.

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар паёми худ варзишгаронро барои устуворӣ ва илҳоме, ки онҳо тавассути варзиш ба ҷаҳон меоранд, ситоиш кард.

«Шумо бо паси сар кардани ин қадар санҷишҳо ва ба номуайянии бузург тоб овардан ба ин ҷо омадед. Аммо ҳоло лаҳзаи шумо фаро расид: лаҳзае, ки шумо интизор будед - лаҳзае, ки ҳамаи мо интизор будем, - гуфт Томас Бах. - Мо ҳама бо шумоем. Мо ҳама шуморо дастгирӣ мекунем".

Томас Бах дар идома таъкид кард, ки варзиш дар ҷомеа нақши муттаҳидкунанда мебозад: "Бигзор он шуморо ташвиқ кунад, ки далер бошед, ҳадафи баландтар гиред, бо ҳам қавитар шавед".

Ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин аз рӯи тақвими қамарии Чин ба оғози баҳор рост омад, аз ин рӯ ҳангоми оғози фейерверк ҳарфҳои чинии ҷашни фарорасии баҳор ва вожаи инглисии "баҳор"-ро дидан мумкин буд.

Пас аз иҷрои Суруди миллии Чин, дар арсае дарё ва блоки яхбандӣ пайдо шуд, ки дар он шаҳрҳое сабт шудаанд, ки ҳама бозиҳои зимистонаи қаблиро баргузор кардаанд. Шаш хоккейбоз бо як шайбаи виртуалӣ, ки ба ях бархӯрд, бозӣ карданд. Дар ниҳоят, он пароканда шуда, кристаллҳоро дар шакли ҳалқаҳои олимпӣ ошкор кард. Ин рамзи нобудшавии монеаҳо, ҳалли зиддиятҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ буд.

Дар маросими ботантана аз доначаҳои хурд як донаи калоне ба вуҷуд омад, ки он аз лавҳаҳое иборат буд, ки дар он номи кумитаҳои миллии олимпии иштирокчии Олимпиада навишта шуда буд. Барфпора бо шохаҳои зайтун ҳошия шуда буд, ки рамзи тамоми одамонеро дорад, ки дар сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунанд.

Фейерверкҳои дарахтшакл дар маросими ифтитоҳ мазмуни хоса доштанд. Дар кӯҳҳои Чин дарахти санавбар мерӯяд, ки синну солашон на камтар аз 1300 аст. Он шакли зебо ва нотакрор дорад - шохааш аз як тараф мебарояд - мисли шахсе, ки аз дур даст ба пешвози меҳмонон дароз мекунад. Ин дарахт кайҳо боз рамзи қабули меҳмонони олиқадр дар Чин шудааст.

Як гурӯҳи конкибозон барфро аз фарш тоза карда, шиори олимпиро ошкор карданд - "Зудтар, баландтар, қавитар – бо ҳам".

Баъди ин садҳо нафар бача дар даст кабӯтарҳои дурахшон ба саҳна баромаданд.

Маросим чун анъана бо фурӯзон кардани оташи олимпӣ анҷом ёфт. Дар марҳалаи ниҳоии эстафетаи машъали олимпӣ ҳафт нафар ширкат карданд ва оташро ду варзишгари чинӣ – лижарон Динҷер Йиламутсзян ва варзишгари дуҳарба Чжао Ҷиавен фурӯзон карданд.