Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН (U-19) ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ШИРКАТ МЕКУНАД

07.02.2022

: 488

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футзал дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 12-19 феврал дар Бишкек доир мешавад, ширкат мекунад.

Дар Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни ҷавонон дастаҳои мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок менамоянд. Тибқи низомнома, мусобиқа дар асоси системаи даврӣ дар як давр доир мегардад ва ҳар даста 4 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Ба ин мусобиқа мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода мекунад.

Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни мунтахабҳои то 19-сола

1-ум давр
12 феврал (шанбе)
15:00 – Узбекистан – ТОҶИКИСТОН
18:00 – Эрон – Афғонистон

2-юм давр
13 феврал (якшанбе)
15:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

3-юм давр
15 феврал (сешанбе)
15:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

4-ум давр
17 феврал (панҷшанбе)
15:00 – Афғонистон – Узбекистон
18:00 – Эрон – Қирғизистон

5-ум давр
19 феврал (шанбе)
15:00 – Узбекистон – Эрон
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон