Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: АЗ АЛМАДА БА ПАРИЖ

04.02.2022

: 525

Мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо бо Гранд Слами Париж идома меёбад.

Мусобиқа 5-6 феврал баргузор мешавад ва дар он Тоҷикистонро Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг намояндагӣ мекунад.

Умуман, дар мусобиқа иштироки 291 варзишгар (157 мард, 134 зан) аз 53 давлат дар назар аст. Варзишгарон тибқи қоидаҳои ҷудо дар 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон) барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг, -63кг миёни бонувон, -60кг, -66кг, -73кг миёни мардҳо доир мешаванд. Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -70кг, -78кг, +78кг ва мардҳои вазнашон -81кг, -90кг, -100кг, +100кг гуштин мегиранд.

Варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои якум – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 евро, ҷои сеюм – 1500 евро.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 – Гран Прии Португал, ки 28-30 январ дар шаҳри Алмада доир гашт, Комроншоҳ Устопириён медали биринҷӣ ба даст овард.