Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ХУҶАНД” – БАРАНДАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021

09.12.2021

: 564

Клуби футболи “Хуҷанд” дар бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 бар тими “Истиқлол”-и Душанбе ғалаба карда, бори панҷум соҳиби ҷом шуд.

Дидори дастаҳо 9-уми декабр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Вақти асосии бозӣ ғолибро муайян накард. Дар қисмҳои иловагӣ футболбозони "Хуҷанд" ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105 Ҳоҷибой Зиёев ба самар расонид. Дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк голи дуюмро вориди дарвозаи "Истиқлол" сохт.

Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ду маротиба бозӣ карда буданд. Соли 2010 тими Душанбе бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 тими Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.

Ҳамин тариқ, “Хуҷанд” маротибаи панҷум соҳиби ҷом мешавад. Ин даста дар мавсимҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гардида буд.

Ҳамаи бозиҳои финали Ҷоми Тоҷикистон (1992-2021):

1992: «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993: «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Пеналтӣ – 5:3
1994: «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995: «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Пеналтӣ – 3:2
1996/1997: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998: «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999: «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Пеналтӣ – 4:2
2000/2001: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004: «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Пеналтӣ – 3:1
2006: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ХИМА» (Душанбе) – 2:1
2007: «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ХИМА” (Душанбе) – 1:0
2008: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009: «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Пеналтӣ – 5:6
2013: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Пеналтӣ – 6:5
2016: «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Пеналтӣ – 3:2
2017: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Пеналтӣ – 4:2
2020: «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021: “Хуҷанд” (Хуҷанд) – “Истиқлол” (Душанбе) – 2:0