Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ КМО ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ КМО ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ КМО ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ КМО ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ КМО ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД

07.12.2021

: 536

7 декабр ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2021 ҳисоботи Кумита дар солҳои 2017-2021, нақшаи кор ва буҷети Кумита дар соли 2022 муҳокима ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита пешниҳод шуданд.

Дар асоси нақшаи кори КМО Тоҷикистон дар соли 2022 таҷлили 30-солагии таъсисёбии Кумита, инчунин иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия, Бозиҳои варзишии “Бачаҳои Осиё” дар Владивостоки Россия ва Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин пешбинӣ шудааст.

Бо қарори Кумитаи иҷроия ҷаласаи 21-ум Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон рӯзи 28 декабр дар шаҳри Душанбе даъват карда шуд.

Кумитаи иҷроия, ҳамчунин тақсимоти маблағи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон-Париж-2024-ро барои 17 варзишгар тасдиқ карда, барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод намуд.

Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Париж-2024 аз моҳи январи соли 2022 шуруъ гардида, то августи соли 2024 идома меёбад.