Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШӮРОИ ИҶРОИЯИ КБО БАРНОМАИ ВАРЗИШИИ ИБТИДОИРО БАРОИ LA28 БАРРАСӢ КАРД

10.12.2021

: 709

Рӯйхати варзишҳое, ки бояд ба Барномаи ибтидоии варзишии Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес дар соли 2028 дохил карда шаванд, 9 декабр дар Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) баррасӣ шуд.

Бисту ҳашт намуди варзиш, аз ҷумла скейтбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ ва мавҷбозӣ (серфинг) барои дохил шудан ба Барномаи ибтидоии варзишии LA28 ба Иҷлосияи КБО дар моҳи феврали соли 2022 пешниҳод карда мешавад.

Дар барномаи ибтидоӣ варзишҳои бокс, вазнабардорӣ ва панҷҳарбаи муосир нестанд.

Масъалаи ба барномаи ибтидоии варзишии LA28 дохил кардани ин намудҳои варзиш дар Иҷлосияи КБО дар соли 2023 баррасӣ мешавад. Ҳамчунин Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Лос Анҷелес-2028 имконияти пешниҳод кардани намудҳои иловагии варзишро то соли 2023 дорад.

Варзишҳои скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ бо такя ба муваффақияти онҳо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва бо тасдиқи Кумитаи тадорукоти LA28 ба рӯйхати 28 намуди варзиш дохил шудаанд.

Бокс, вазнабардорӣ ва панҷҳарбаи муосир метавонанд аз ҷониби Иҷлосияи КБО дар соли 2023 ба Барномаи ибтидоии варзиши LA28 дохил карда шаванд, агар то он вақт федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ Шӯрои иҷроияи КБО-ро қаноатманд намоянд, ки нигарониҳои зеринро бартараф кардаанд:

Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) бояд нишон диҳад, ки нигарониҳои ҷории марбут ба идоракунии он, шаффофияти молиявӣ, устуворӣ ва якпорчагии равандҳои довариро бомуваффақият ҳал кардааст.

Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ (IWF) ва роҳбарияти ояндаи он бояд гузариши худро оид ба риоя ва тағйироти муассири фарҳанг нишон диҳад. Илова бар ин, онҳо бояд бомуваффақият ҳодисаҳои таърихии допинг дар варзишро ҳал кунанд ва якпорчагӣ, устуворӣ ва мустақилияти пурраи барномаи зидди допингро таъмин намоянд.

Иттиҳоди байналмилалии панҷҳарбаи муосир (UIPM) бояд пешниҳоди худро дар бораи иваз кардани аспсаворӣ ва формати умумии мусобиқа анҷом диҳад ва коҳиши назарраси арзиш ва мураккабӣ ва беҳбудиро дар самти бехатарӣ, дастрасӣ, универсалӣ ва ҷолибияти он барои ҷавонон ва ҷомеа нишон диҳад.