Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ БОКС: ПИРӮЗИИ БАҲОДУР ВА ШАББОС

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ БОКС: ПИРӮЗИИ БАҲОДУР ВА ШАББОС ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ БОКС: ПИРӮЗИИ БАҲОДУР ВА ШАББОС

31.10.2021

: 575

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки 24 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, ба даври ҳаштякфинал расид.

30 октябр се варзишгарамон дар даври 16/1-финал рақобат карданд: Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Россия) дар вазни 63.5кг, Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг ва Шаббос Негматуллоев бо Самуел Камара аз Сера Леон дар вазни -80кг.

Баҳодур Усмонов бар Илия Шакиров бо ҳисоби 3:2 ва Шаббос Негматуллоев бар Самуел Камара бо накаути техникӣ ғалаба карданд, вале Абдумалик Болтаев аз ҳарифи ҳиндустониаш мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, рақобатҳои даври 16/1-финали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо ба анҷом расид. Дар натиҷа аз ҳашт нафар иштирокчии кишвари мо 4 нафар ба 8/1-финал роҳ ёфтанд.

Имрӯз – 31 октябр дар даври ҳаштякфинал ду варзишгарамон муҳориба мекунанд - Абдураҳмон Ёқубов бо Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан дар вазни -60кг ва Ҷаҳон Қурбонов бо Наренда аз Ҳиндустон дар вазни +92кг.

Фардо – 1 ноябр бошад, Баҳодур ва Шаббос вориди ринг мешаванд. Ҳарифи Шаббос Негматуллоев Кейлан Кассидӣ аз Ирланд ва ҳарифи Баҳодур Усмонов Сомчай Вонгсуван аз Тайланд ҳастанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегирад.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.