30.10.2021
: 772
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки 24 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, ҷараён дорад.
29 октябр ду намояндаи Тоҷикистон Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг муқобили Роланд Верес (Венгрия) ва Парвиз Каримов дар вазни 92кг муқобили Ҷамар Телей (ШМА) вориди ринг шуданд.
Абдураҳмон бар рақибаш бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардида, ба даври дигар роҳ ёфт. Ҳарифи навбатиаш Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан мебошад. Муҳориба онҳо 31 октябр доир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар даври аввал Шаббос Негматуллоев дар вазни -80кг бар намояндаи Олмон Силвио Сшерле ва 28 октябр Ҷаҳон Қурбонов дар вазни +92кг бар варзишгари Кения Элли Очола пирӯз шуда буданд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо 8 нафар дар ин мусобиқа ширкат доранд.
Имрӯз - 30 октябр аввалин қувваозмоиҳояшонро Баҳодур Усмонов бо Илия Шакиров (Россия) дар вазни 63.5кг ва Абдумалик Болтаев бо Сумит (Ҳиндустон) дар вазни 75кг анҷом медиҳанд. Инчунин Шаббос Негматуллоев дар рақобати дуюмаш бо Самуел Камара аз Сера Леон муҳориба мекунад.
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат хоҳанд кард, ки дар таърихи чорабинӣ беназир аст.
Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.