29.10.2021
: 708
29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс, ҷоизадори Чемпионати Осиё - 2015-2021, чемпиони Осиё байни донишҷӯён - 2016, ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон байни донишҷӯён – 2014 Шоира Зулқайнарова ва бародаронаш бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.
Ҷавонони сарфарози ноҳияи Хуросон бо сипосгузорӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба насли ояндасоз илму ҳунар омӯхта, номбардорони ватану миллат хоҳанд шуд. Майдончаи варзишӣ болопӯшида буда, дар чор фасли сол дар он баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ имконпазир аст.
Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Хуросон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд.
Комёбиҳои варзишгари ноҳияи Хуросон Шоира Зулқайнарова аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими варзишгарони ноҳия дар замони соҳибистиклолии мамлакат мебошад.
Ифтитоҳи чунин майдончаи замонавии варзишӣ шавқу ҳаваси наврасону ҷавонони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар кардааст. Ба варзишгарони ҷавон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим гардид.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи зиёди наврасону ҷавонони деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба варзиш оянда дар назди майдончаи муосир бунёди дигар иншооти варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.