01.11.2021
: 564
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, дар гурӯҳи “В” ҷои дуюмро ишғол намуд.
Дар даври охир мунтахаби мо аз тими олимпии Эрон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Эрон мустақим ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт.
Вале тими мунтахаби Тоҷикистон имконияти ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 баромаданро доранд. Тибқи низомнома, ба марҳилаи финалӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин чор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳашон ҷои дуюмро гирифтаанд, роҳхат мегиранд.
Айни ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар чоргонаи беҳтарин, ки дар гурӯҳашон ҷои дуюмро сазовор шудаанд, ҳаст. Вале барои он ки тими олимпии Тоҷикистон роҳхати марҳилаи финалиро ба даст оварад, бозии гурӯҳи “I” миёни дастаҳои Ветнам ва Мйанмар, ки 2-юми ноябр дар Бишкек сурат мегирад, нақш дорад. Дар сурати ғалабаи яке аз дастаҳо бо дилхоҳ ҳисоб, ба ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) роҳхат насиби мунтахаби Тоҷикистон мешавад. Агар ҳисоб 3:2 шавад, пас кортҳои зардро ба ҳисоб мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 (U-23)
Гурӯҳи «В». 3-юм давр
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 3:2
Голҳо: Ислом Зоиров, 10 (0:1). Ёсин Салмонӣ, 13 (1:1). Ёсин Салмонӣ, 19 (1:2). Эҳсони Панҷшанбе, 22 – аз пеналтӣ (2:2). Ёсин Салмони, 45 (3:2).
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ханонов (Муҳаммадҷон Насков, 89), Алиҷон Кароматуллозода, Манучеҳр Сафаров, Наимҷон Иброҳимзода (Далер Ёдгоров, 46), Кароматулло Саидов, Ислом Зоиров (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 60), Эмомалӣ Аҳмадхон (Ҳусейн Нурматов, 46), Шервонӣ Мабатшоев (Шарафҷон Солеҳов, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров.
Сардовар: Ким Ву Сунг (Кореяи Ҷанубӣ).
31 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 7200 мухлис.
Лубнон – Непал – 4:0
Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
1 | Эрон | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-2 | 9 |
2 | ТОҶИКИСТОН | 3 | 2 | 0 | 1 | 9-3 | 6 |
3 | Лубнон | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-3 | 3 |
4 | Непал | 3 | 0 | 0 | 3 | 0-14 | 0 |