Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: БОЗИҲОИ АВВАЛИ ФИНАЛ БАРГУЗОР ШУДАНД

18.10.2021

: 507

Дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд дар финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 якбозигӣ анҷом доданд.

Финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон аз силсилаи бозиҳо то 3 ғалабаи яке аз дастаҳо идома меёбад.

Дар шаҳри Душанбе 16 октябр дар бозии аввал дастаи “Сипар” бар “Соро компания” бо ҳисоби 5:4 тавассути зарбаҳои пеналтӣ (вақти асосӣ - 3:3) ва дар бозии дуюм “Соро компания” бар “Сипар” бо ҳисоби 5:3 тавассути зарбаҳои пеналтӣ (вақти асосӣ – 2:2) ғалаба карданд.

Ҳамин тариқ, пас аз ду вохӯрӣ ҳисоби силсилаи бозиҳо 1:1 аст. Ду бозии навбатии дастаҳо 23-24 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.