Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ОЛИМПИА БАРОИ ПЕКИН-2022 ОТАШИ ОЛИМПӢ ФУРУЗОН ШУД

18.10.2021

: 711

Имрӯз - 18 октябр - дар шаҳраки Олимпиаи Юнон оташи олимпии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 фурӯзон карда шуд. Ин оғози сафари оташи олимпӣ ба Чин қабл аз 100 рӯзи оғози бозиҳо мебошад.

Оташи олимпӣ ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ арзишҳои олимпизмро ба ҳамаи онҳое, ки онро дар сафараш мебинанд, мерасонад. Оташе, ки дар байни мухлисони варзишҳои зимистона дар ҷаҳон интизорӣ, ҳамзамон ба ҳазорон варзишгаре, ки омодагии охирини худро ба ин бозиҳо анҷом медиҳанд, илҳом мебахшад.

Бо дарназардошти чораҳои муқовимат бо COVID-19, маросими оташафрӯзӣ дар Олимпиа бо ширкати маҳдуди ҳайатҳо доир шуд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим, президенти КБО Томас Бах ба таври возеҳ изҳор намуд, ки Бозиҳои олимпӣ ҳамеша дар болои низоъ қарор дошт: “Дар ҷаҳони нозуки мо, ки дар он тақсимот, низоъ ва нобоварӣ афзоиш меёбад, Бозиҳои олимпӣ ҳамеша пулҳо месозанд. Бозиҳо ҳеҷ гоҳ девор намесозанд. Бозиҳои олимпӣ наметавонанд ҳамаи мушкилоти ҷаҳони моро ҳал кунанд. Аммо Бозиҳои олимпӣ барои ҷаҳон намунаи эҳтироми якдигарро мерос гузошт. Бозиҳо ба ҳалли мушкилот тавассути дӯстӣ ва ҳамбастагӣ илҳом мебахшанд. Онҳо пулҳо месозанд, ки боиси фаҳмиши беҳтар ва дӯстии байни одамон мешаванд. Ин як паёми абадист, ки оташи олимпӣ аз хонаи рӯҳонии мо дар Олимпиаи қадим, ба Пекин ва ба ҷаҳон хоҳад фиристод”.

Намояндаи Пекин-2022, ноиби президенти Кумитаи олимпии Чин Йу Зайгинг гуфт: "Ин як лаҳзаи таърихист, зеро мо дар шаҳри қадимаи Олимпиа ҷамъ омадем, то афрухтани оташи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпиро ҷашн гирем. Оташи олимпӣ роҳи сафари моро равшан мекунад, то мушкилотро бо ҳамбастагии бештар ва ҳамкории наздиктар бартараф кунем. Дар давраи сар задани бемории коронавирус, оташи олимпӣ ба мо эътимод, гармӣ ва умед бахшид. Ин як манбаи қувват дар муборизаи мо барои мағлуб кардани пандемия буд”.

Маросими анъанавӣ, ки дар наздикии маъбади Ҳера баргузор шуд, мероси юнонии Бозиҳои олимпиро таҷассум мекунад ва Бозиҳои муосирро бо пайдоиши таърихии он мепайвандад. Пас аз он ки оташи олимпӣ аз ҷониби саркоҳин фурӯзон карда шуд, он сафари худро тавассути лижарони юнонӣ Иоаннис Антониу оғоз кард. Пас аз он шӯъла ба варзишгари чинӣ, барандаи панҷ медали Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар конкитозӣ Ли Ҷиаҷун гузашт.

Пас аз маросим, оташи олимпӣ ба Варзишгоҳи Панатенаичи Афина интиқол дода шуда, фардо - 19 октябр расман ба Пекин-2022 супорида мешавад.

Рӯзи 20 октябр дар Пекин маросими истиқбол баргузор мешавад ва алангаи оташ аввал дар бурҷи олимпии Пекин пеш аз сафар ба мардум намоиш дода мешавад.

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекини Чин бо иштироки тақрибан 2900 варзишгар аз 85 кумитаи миллии олимпӣ баргузор мешавад. Пекин ягона шаҳре хоҳад буд, ки мизбони ҳам Бозиҳои тобистона, ҳам Бозиҳои зимистона мешавад.