Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ МОҲИ ИЮНИ СОЛИ 2022 ОҒОЗ МЕШАВАД

18.10.2021

: 681

Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) принсипҳои системаи интихобиро барои Олимпиадаи Париж-2024 тасдиқ кард, ки қоидаҳои системаи интихобиро, ки акнун аз ҷониби федератсияҳои байналмилалии варзишӣ таҳия мешаванд, шарҳ медиҳад.

Ҳар як федератсияи байналмилалӣ, қоидаҳои интихобии варзиши худро тибқи қоидаи 40-уми Хартияи олимпӣ муқаррар мекунад, ки дар он тартиб ва меъёрҳои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудааст. Интихоби ҳар як варзишгар пас аз пешниҳоди ҳар як кумитаи миллии олимпӣ бо тавсияи федератсияи миллии дахлдор мавриди интихоби ниҳоӣ қарор мегирад.

Системаҳои интихобии федератсияҳои байналмилалӣ бояд ба принсипҳои интихобии олимпӣ, ки аз ҷониби КБО нашр шуд, мувофиқ бошанд.

Санад якчанд принсипҳоро дар бар мегирад, ки имкон медиҳад, шароитҳои одилона ва баробар барои ҳама варзишгарон ва дастаҳо дастрас бошанд ва арзишҳои бунёдӣ, ба монанди ҷаҳонӣ будан, баробарии гендерӣ ва набудани табъиз, ҳамзамон таъмини иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон дар Бозиҳои Олимпиада риоя шаванд.

Принсипҳо барои таҳияи системаи интихобии инфиродӣ барои ҳар як намуди варзиш/сабқат дар барномаи Париж-2024 замина фароҳам меорад. Системаҳои инфиродӣ меъёрҳои дақиқи интихоб ва мутобиқати варзишгарон ва дастаҳоро муайян мекунад ва пас аз тасдиқи Шӯрои иҷроияи КБО дар аввали соли 2022 нашр карда мешаванд. Марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз моҳи июни соли 2022 оғоз хоҳад шуд.

Дар тамоми намудҳои варзиш системаҳои интихобӣ иштироки ҳамаи 206 КМО-ро бо ҳадди ақал як мард ва як зан дар ҳайати худ дар Париж-2024 таъмин мекунанд.

Бинобар ин, ҳар як системаи интихобӣ бояд ҷадвали тахассусиро дар бар гирад, бо дарназардошти он ки ҳеҷ давраи интихобӣ барои ягон намуди варзиш/сабқат аз 24 моҳ зиёд буда наметавонад ва ҳамаи мусобиқаҳои интихобӣ бояд на дертар аз 23 июни 2024 ба анҷом расанд.

Баробарии гендерӣ ва иштироки ҷавонон дар маркази барномаи варзишии олимпии Париж-2024 қарор дорад ва иштироки варзишгарон тақрибан 50% мардону занонро ташкил медиҳад.