Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПРЕЗИДЕНТИ ОСА МУВАҚҚАТАН ИСТЕЪФО ДОД

13.09.2021

: 704

Президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ муваққатан аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора ноиби фахрии президенти ОСА Раҷа Рандир Сингҳ бо пахши изҳорот дар сомонаи расмии ин созмон хабар додааст.

"Пас аз ҳукми Суди Женева аз 10 сентябри соли 2021 дар мурофиаи Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ӯ эълом дошт, ки муваққатан аз вазифаи президенти ОСА канор меравад ва дар ҷараёни шикоят дар судҳои Швейтсария номашро пок мекунад”, - омадааст дар изҳорот.

Суди ҷиноии Швейтсария Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба дастсозии ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, ӯро ба 13 моҳ ҳабс маҳкум кард. Шайх Аҳмад ва чор нафар ҳамроҳонаш, аз ҷумла адвокатҳо барои он гунаҳкор дониста мешаванд, ки гӯё видеороликҳои дурӯғин сохтаанд, то ду масъули давлатии Кувайтро ба табадулоти давлатӣ ва коррупсия гунаҳкор намоянд.

Шайх Аҳмад ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст аз болои қарори суд ба суди ҳакамӣ шикоят мекунад.

Мувофиқи Оинномаи OCA ва мактуби президенти OCA аз 10 сентябри 2021 Раҷа Рандир Сингҳ, ҳамчун узви дарозмуддати Шӯрои иҷроияи OCA, ноиби фахрии президенти ОСА ва муовини якум муваққатан уҳдадориҳои президенти OCA-ро иҷро хоҳад кард.

“Ман итминони комил дорам, ки Шайх Аҳмад дар шикояти худ муваффақ хоҳад шуд ва ифтихормандам, ки муваққатан ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи президенти OCA фаъолияти муътадили созмонро таъмин кунам”, - таъкид намудааст Раҷа Сингҳ.

Ӯ ба ҳамаи кумитаҳои миллии олимпии узви ОСА ва ҳамкасбони худ дар Шӯрои иҷроияи ОСА барои дастгирӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар иҷрои вазифаҳои худ муроҷиат намудааст.