13.09.2021
: 620
Рӯзҳои 11-12 сентябр се бозии даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор шуд, ки дар натиҷа дастаҳои “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба нимфинал роҳ ёфтанд.
“Хуҷанд” бо шарофати ягона голи Далер Ёдгоров дар майдони худ дастаи “Хатлон”-и Бохтарро мағлуб намуд. Ҳарифи “Хуҷанд” дар нимфинал дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мебошад, ки дар чорякфинал бар тими КМВА пирӯз шуд (2:1).
“Эсхата” дар даври чорякфинал дастаи “Истаравшан”-ро шикаст дод. Вақти асосии дидор мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо натавонистанд ҳисобро тағйир диҳанд. Дар задани силсилазарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи бонкчиҳо хандид – 3:2. Дар нимфинал “Эсахата” бо ғолиби ҷуфти “Истиқлол” – “Файзканд” вомехурад. Бозии ин дастаҳо дертар доир хоҳад шуд.