Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД

ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД ҒОЛИБОНИ ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ МУАЙЯН ШУДАНД

13.09.2021

: 606

12 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ - гуштингирӣ баргузор шуд.

Дар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.

Рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медалҳои нуқра, 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.

Ғолибону ҷоизадорони дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ:

Бонувон
65кг
1. Камила БОБУРОВА (Россия)
2. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА (Тоҷикистон)
3. Ҷонона НАЗАРОВА (Тоҷикистон)
3. Жанара КАШКИН (Қазоқистон)

Мардҳо
60кг
1. Хайрандеш МУРОДЗОДА (Тоҷикистон)
2. Ҳақдод ГУЛОВ (Тоҷикистон)
3. Сорбон ЛАТИФОВ (Тоҷикистон)
3. Муҳаммадӣ БАРИМ (Эрон)

70кг
1. Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Тоҷикистон)
2. Муллораҷаб ХАЛИФАЕВ (Тоҷикистон)
3. Аҳмад МАСЪУД (Тоҷикистон)
3. Дилшод ҶӮРАЕВ (Узбекистон)

80кг
1. Умар БОЗОРОВ (Узбекистон)
2. Ҳамроз РАҶАБОВ (Тоҷикистон)
3. Муҳаммад АБДУҶАЛИЛОВ (Тоҷикистон)
3. Ҳайдар САИДАКБАРЗОДА (Тоҷикистон)

90кг
1. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон)
2. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (Тоҷикистон)
3. Гергий ПОПУНАШВИЛӢ (Гурҷистон)
3. Ҷонибек КОЗОКОВ (Узбекистон)

+90кг
1. Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
2. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (Узбекистон)
3. Шарифҷон НАЗРИЕВ (Тоҷикистон)
3. Иброҳим ШАҲРИЁР (Эрон)

Ҳамчунин ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро ба даст овард, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

Ин дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ – гуштингирӣ дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал моҳи июни имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.