Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “СОРО КОМПАНИЯ” – ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

12.09.2021

: 529

Дастаи футзали “Соро компания” ғолиби марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 гардид.

Дар даври ҷамъбастии чемпионат “Соро компания”-и Душанбе бар тими “Помир”-и Хоруғ бо ҳисоби 9:3 пирӯз шуд.

Дар ду бозии дигар “Сипар”-и Хуҷанд бар “Пойтахт” бо ҳисоби 3:1 ва “Истиқлол” бар тими “Самандар”-и Турсунзода бо ҳисоби 12:2 ғалаба карданд.

Бо натиҷагирӣ аз даҳ даври лигаи футзал “Соро компания” ва “Сипар” 25-холӣ ба даст оварданд, вале аз ҳисоби пирӯзӣ дар бозиҳои хусусӣ “Соро компания” ҷои аввалро сазовор гардид.

Ҳамин тариқ, “Соро компания” ва “Сипар” ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Дар даври чорякфинал бошад, “Истиқлол” – “Самандар” ва “Помир” – “Пойтахт” барои ду роҳхати дигари даври нимфинал талош мекунанд.

Даври чорякфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо идома меёбад. Даври нимфинал низ аз силсилаи бозиҳо то ду ғалаба иборат аст.

Ғолибони нимфинал дар финал, дастаҳои мағлуб дар бозӣ барои ҷои сеюм бо ҳам вомехуранд.