Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ 14 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ 14 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ 14 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ 14 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ 14 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

12.09.2021

: 566

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки 4 сентябр оғоз гардида буд, 11 сентябр ба анҷом расид. Варзишгарони тоҷик сазовори 14 медал – 7 нуқра, 7 биринҷӣ - шуданд.

Ҷумҳурии моро дар ин бозиҳо 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш – бадминтон, бокс, бокси тайландӣ, гимнастикаи бадеӣ, гуштини варзишӣ, гуштини камарбандӣ, каратэ, курэш, самбо, тенниси рӯи миз ва ҷудо намояндагӣ карданд.

Дар бозиҳо беш аз 1000 варзишгари аз 14 то 23-сола аз 9 кишвар иштирок намуданд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон. Ба барномаи бозиҳо 16 намуди варзиш ворид буд.

Дар ҳайати Тоҷикистон медалҳои нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс (-75кг), Муҳаммад Икромов (-61кг), Мустафо Ахмедов (-70кг) дар гуштини тарзи озод, Фирӯз Мирзораҷабов (-60кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ, Бибинишастамоҳ Холова (-60кг) дар бокси тайландӣ, Хуршедшоҳ Каримзода (-60кг), Ҳоҷиакбар Тошмуродов (-70кг) дар намуди курэш сазовор гардиданд.

Азизҷон Асламов (-55кг) дар гуштини юнонӣ-римӣ, Аминҷон Мавлонов / Ҷамшед Ҳасанов (ҷуфт) дар тенниси рӯи миз, Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов (-71кг) дар самбо, Амонҷон Даминов (-71кг) дар бокси тайландӣ, Фирӯзҷон Зиёев (-68кг), Дилшод Қурбонов (-82кг) дар гуштини камарбандӣ, Қурбоналӣ Охунов (-75кг) дар намуди курэш соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо варзишгарони Россия бо 215 медал (114 тилло, 42 нуқра, 59 биринҷ) ҷои аввалро гирифтанд. Тими Узбекистон бо 23 медали тилло, 32 нуқра, 36 биринҷ мавқеи дуюмро ишғол намуд. Қазоқистон бо 18 тилло, 35 нуқра, 53 биринҷӣ сеюм шуд. Варзишгарони Озарбойҷон 15 тилло, 16 нуқра, 29 биринҷӣ, Беларус 8 тилло, 32 нуқра, 29 биринҷ, Қирғизистон 3 тилло, 10 нуқра, 25 биринҷ ба даст оварданд. Тоҷикистон дар ҷои ҳафтум мавқеъ гирифт. Арманистон бо 5 нуқра, 8 биринҷӣ ҳаштум, Молдова бо 2 нуқра, 11 биринҷӣ нуҳум шуданд.