Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “РАВШАН”

06.09.2021

: 588

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, мавқеи худро дар садри ҷадвал мустаҳкамтар намуд.

Дидори дастаҳо 5-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Манучеҳр Ҷалилов ду тӯб, Ислом Зоиров як тӯб вориди дарвозаи кӯлобиҳо карданд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол”-и Душанбе бо 42 хол мавқеашро дар садри ҷадвали мусобқот мустаҳкам намуд. “Истиқлол”, ҳамчунин як бозии анҷомнадода дар ихтиёр дорад. “Хуҷанд” бо 32 хол дар ҷои дуюм аст. Сегонаи аввалро “Истаравшан” (26 хол) ҷамъбаст мекунад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 17 сентябр оғоз гардида, то 9 декабр идома меёбад. Дар даври 19-ум 17 сентябр «Истаравшан» бо «Файзканд», «Эсхата» бо КМВА, 18 сентябр «Истиқлол» бо «Равшан», «Хатлон» бо «Куктош», «Хуҷанд» бо «Душанбе» вомехуранд.

 ҶОЙ    ДАСТАҲО                                           Б         Ғ         М        Б         Т-Т         +/-       Х     
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  17  13  3  1  53-7  +46  42
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  17  10  2  5  33-19  +14  32
 3  "Истаравшан" (Истаравшан)  18  7  5  6  21-19  +2  26
 4  КМВА (Душанбе)  18  6  6  6  22-23  -1  24
 5  "Эсхата" (Хуҷанд)  18  7  3  8  26-31  -5  24
 6  "Равшан" (Кӯлоб)  18  5  8  5  18-20  -2  23
 7  "Хатлон" (Бохтар)  18  6  5  7  18-24  -6  23
 8  "Душанбе" (Душанбе)  18  4  6  8  20-37  -17  18
 9  "Файзканд" (Восеъ)  18  4  5  9  13-24  -11  17
 10  "Куктош" (Рӯдакӣ)  18  3  5  10  22-42  -20  14