Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: ДАР ҲИСОБИ ТОҶИКИСТОН – 7 МЕДАЛ

АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: ДАР ҲИСОБИ ТОҶИКИСТОН – 7 МЕДАЛ АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: ДАР ҲИСОБИ ТОҶИКИСТОН – 7 МЕДАЛ АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ: ДАР ҲИСОБИ ТОҶИКИСТОН – 7 МЕДАЛ

06.09.2021

: 673

Тавре хабар дода будем, 2 сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ оғоз шуд. Дар чор рӯзи мусобиқот варзишгарони мо сазовори 7 медал – 4 нуқра, 3 биринҷӣ - шуданд.

Мусобиқоти бокс ва гуштин қабл аз маросими кушодашавӣ шуруъ гардиданд. Паҳлавонони тоҷик 3 сентябр дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -60кг медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали биринҷӣ гирифтанд.

4 сентябр мусобиқа оид ба гуштини тарзи озод сурат гирифт, ки ду варзишгари мо – Муҳаммад Икромов (-61кг) ва Мустафо Ахмедов (-70кг) сазовори медали нуқра гардиданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, вазни -75кг ба даст овард.

5 сентябр дар гуштини камарбандӣ ду варзишгари Тоҷикистон – Фирӯзҷон Зиёев (-68кг) ва Дилшод Қурбонов (-82кг) соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.

Дар бозиҳо 1500 варзишгар аз 10 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Узбекистон.

Дар якум Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз ҷумҳурии мо 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш ширкат доранд.