Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2 МЕДАЛИ ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР АВВАЛИН БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

04.09.2021

: 642

Имрӯз, 4 сентябр, дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

Дар бозиҳо 1500 варзишгар аз 10 кишвар иштирок доранд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркменистон ва Узбекистон.

Мусобиқоти бокс ва гуштин қабл аз маросими кушодашавӣ шуруъ гардиданд. Паҳлавонони тоҷик 3 сентябр дар гуштини юнонӣ-римӣ 2 медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -60кг медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали биринҷӣ гирифтанд.

Фирӯз Мирзораҷабов дар қувваозмоиҳои муқаддамотӣ Нихат Маммадлӣ аз Озарбойҷон, Вячеслав Жегалов аз Белорус, дар нимфинал Нурмуҳаммад Абдуллоев аз Қирғизистонро шикаст дода, ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар финал аз намояндаи мизбон Динислом Бамматов мағлуб ва сазовори медали нуқра гардид.
Азизҷон Асламов Максим Ступакевич аз Белорусро мағлуб намуд, вале дар нимфинал аз Курбан Коналиев (Россия) шикаст хурд. Ӯ сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Исхар Курбаев ғалаба намуда, сазовори медали биринҷӣ шуд.

Дар якум Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз ҷумҳурии мо 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш ширкат доранд.