Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “СОРО КОМПАНИЯ” ВА “СИПАР” БА НИМФИНАЛ РОҲ ЁФТАНД

06.09.2021

: 570

Бо натиҷагирӣ аз 9 даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе бо 22 хол дар садри ҷадвал қарор доранд. Ин ду даста қабл аз муҳлат ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.

Дар даври нуҳуми чемпионат “Соро компания” бар тими “Пойтахт” бо ҳисоби 7:1 ғалаба кард. “Помир” дар шаҳри Турсунзода дастаи маҳаллии “Самандар”-ро мағлуб намуд – 5:3.

Ин ҳафта марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 ба анҷом мерасад ва дар натиҷа ҷуфтҳои даври чорякфинал муайян мегарданд.

Дар асоси низомнома дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-ро ишғол менамоянд, дар даври чорякфинал бозӣ мекунанд ва ду даста ба нимфинал мебароянд. Даври чорякфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо идома меёбад.

Даври нимфинал низ аз силсилаи бозиҳо то ду ғалаба иборат аст. Ғолибони нимфинал дар финал, дастаҳои мағлуб дар бозӣ барои ҷои сеюм бо ҳам вомехуранд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                     Б       Ғ       М      Б      Т-Т       Х    
 1  "Сипар" (Хуҷанд)  9  7  1  1  71-13  22
 2  "Соро компания" (Душанбе)      9  7  1  1  45-20  22
 3  "Истиқлол" (Душанбе)  9  4  1  4  17-26  13
 4  "Помир" (Хоруғ)  9  4  1  4  20-33  13
 5  "Пойтахт" (Душанбе)  9  2  0  7  22-40  6
 6  "Самандар" (Турсунзода)  9  1  0  8  27-70  3

Дар даври ҷамъбастии марҳилаи аввал 11 сентябр «Помир» бо «Соро компания», «Сипар» бо «Пойтахт» ва «Самандар» бо «Истиқлол» бозӣ мекунанд.