16.08.2021
: 681
14 август бо баргузор шудани бозиҳои даври 6-ум, марҳилаи дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар бозии ифтитоҳии марҳилаи дуюм “Соро компания” бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард. Дар ҳайати “Соро компания” легионери эронӣ Руҳулло Исорӣ 3 гол, Файзалӣ Сардоров ду гол заданд. Голҳои тими “Истиқлол”-ро Некрӯз Идиев ва Меҳроб Раҳимов ба номашон навиштанд.
Дар бозии дигар “Сипар”-и Хуҷанд дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби калони 20:1 шикаст дод. Дар ҳайати “Сипар” Парвиз Раҳматов панҷ гол, Собирҷон Гуляков 3 гол, Вахтанг Кекелия, Оятулло Сафаров, Умед Кӯзиев, Баҳодур Хоҷаев дуголӣ, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Нукри Чумбуридзе, Раҳмоналӣ Шарипов якголӣ заданд.
Дар бозии охирини давр “Помир”-и Хоруғ бар дастаи «Пойтахт» бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад ва ба ҷои сеюми ҷадвали мусобиқа баромад. Дар ҳайати тими “Помир” Худобахш Мирзоев се гол, Хайём Дарвешов як гол ба номашон сабт карданд.