Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РОССИЯ МИЗБОНИ ОЛИМПИАДАИ СОЛИ 2036 ШУДАН МЕХОҲАД

16.08.2021

: 735

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров, кишвараш барои мизбонии Бозиҳои олимпии соли 2036 дархост хоҳад дод, ки номзадҳои асосӣ Санкт-Петербург ва Қазон ҳастанд.

Сергей Лавров дар Ростов бо барандагони медалҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020 вохӯрӣ кард.

Тавре хабаргузории давлатии ТАСС хабар дод, Лавров гуфтааст: "Дархостҳо омода мешаванд. Мо якчанд шаҳр дорем - бешубҳа Санкт -Петербург ва ман ба Қазон низ бовар дорам. Ростов низ бояд зуд амал кунад, агар мехоҳад дар пешниҳоди дархост ҷиҳати баргузории Олимпиадаи тобистонаи соли 2036 дар Кумитаи олимпии Россия баррасӣ карда шавад”.

Тибқи таҳримҳои Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA), Русия аз иштирок дар пешниҳоди дархост барои Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 манъ карда шуд.

Таҳримҳои WADA замоне ҷорӣ шуд, ки Агентии зидди допинги Русия маълумотро дар лабораторияи Маскав таҳрир ва таҳриф кардааст. Бо ин сабаб ном, гимн ва парчами Русия дар Токио-2020 манъ карда шуд ва варзишгарони ин кишвар зери парчами ROC иштирок карданд.

Бо вуҷуди он ки 15 сол вақт аст, якчанд шаҳр ва кумитаҳои миллии олимпӣ аллакай хоҳиши худро барои баргузории Олимпиадаи 2036 баён кардаанд.

Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октохари моҳи гузашта гуфт, ки кишвараш "ақибнишинӣ намекунад ва муборизаро барои Олимпиадаи 2036 идома хоҳад дод", зеро ҳадафи он вуруд ба музокироти истисноӣ бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аст, чунонки Брисбен кард.

Истанбули Туркия низ ният дорад, ки боз ҳам барои Олимпиадаи 2036 дархост пешниҳод кунад. Дар ҳоле ки солҳои 2000, 2004, 2008, 2012 ва 2020 ноком шуда буд. Аҳмадободи Ҳиндустон низ майл дорад.

Дархости муштарак аз Олмон ва Исроил ва дархост аз Лондон - мизбони Бозиҳои олимпии соли 2012 низ матраҳ шудааст.

Пойтахти Россия - Маскав Олимпиадаи тобистонаро соли 1980 дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва шаҳри Сочи Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014-ро баргузор карда буданд.