Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ШАШ ГОЛИ БЕҶАВОБИ “ИСТИҚЛОЛ” БА ДАРВОЗАИ “ХАТЛОН”

16.08.2021

: 623

14-15 август бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ аз тими «Истаравшан» бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуд. Голҳои тими ғолибро Илҳом Баротов ва Ҷаҳонгир Сафаров, голи “Файзканд”-ро Абдухалил Боронов заданд.

Ду бозӣ миёни «Хуҷанд» – «Равшан» ва «Душанбе» – КМВА мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.

«Эсхата» дар майдони худ тими «Куктош»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Бозингари тими меҳмон Азизбек Султонов дар дақиқаи 7 аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Ба ин гол тими мизбон тавассути зарбаҳои нишонраси Ҷахонгир Эргашев, Мубинҷон Муъминов ва Аҳрор Иноятов бо се гол ҷавоб доданд.

Дар бозии дигар тими “Истиқлол” ба дарвозаи “Хатлон” шаш голи беҷавоб зад. Рустам Соиров ду гол Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Ваҳдат Ханонов, Шервонӣ Мабатшоев, якголӣ ба номашон сабт карданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии понздаҳ даври Чемпионати Тоҷикистон “Хуҷанд” бо 29 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. “Истиқлол”, ки нисбат тими “Хуҷанд” ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 27 хол дар ҷои дуюм аст. “Истаравшан” бо 25 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.

Бозиҳои даври навбатӣ 20-21 август ба нақша гирифта шудааст. Дар даври даври 16-ум КМВА бо “Хуҷанд”, “Хатлон” бо “Душанбе”, “Куктош” бо “Файзканд”, “Равшан” бо “Эсхата” ва “Истиқлол” бо “Истаравшан” вомехуранд.

   ДАСТАҲО                                Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1     "Хуҷанд" (Хуҷанд)  14  9  2  3  29-14     29
 2  "Истиқлол" (Душанбе)  12  8  3  1  32-6  27
 3  "Истаравшан" (Истаравшан)     15  7  4  4  18-13  25
 4  "Эсхата" (Хуҷанд)  15  7  2  6  25-28  23
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  14  4  6  4  16-16  18
 6  "Хатлон" (Бохтар)  15  4  5  6  15-22  17
 7  КМВА (Душанбе)  15  3  6  6  16-21  15
 8  "Душанбе" (Душанбе)  15  3  6  6  18-29  15
 9  "Файзканд" (Восеъ)  14  3  4  7  11-19  13
 10  "Куктош" (Рӯдакӣ)  15  3  4  8  19-31  13