Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ FIAS ШИРКАТ МЕКУНАНД

13.08.2021

: 738

22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Россия Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар мусобиқа, ки миёни мардҳо доир мегардад, 56 варзишгар иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла чор нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – барои ба даст овардани Ҷоми Президенти FIAS талош мекунанд.

Ҷоми Президенти FIAS аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон сурат мегирад: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг. Дар ҳар вазн 8 варзишгар аз 21 давлат қувва меозмоянд: Арманистон, Беларус, Булғория, Венесуела, Гурҷистон, Испания, Камерун, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Марокаш, Молдова, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, Фаронса, Хорватия, ШМА, Эрон ва Юнон.