Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶАҲОНГИР МАҶИДОВ – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ҶОМИ АВРУПО

09.08.2021

: 760

Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни калонсолон сазовори медали нуқра шуд.

Мусобиқа 7-8 август дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия баргузор шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг дар даври аввал Ёқубҷон Назирови тоҷикро, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ бошад, Эмил Қурбонови русро мағлуб кард ва ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар нимфинал бар варзишгари дигари мизбон Адам Утсиев пирӯз шуд, вале дар рақобат барои нишони тилло аз Мирзо Шикориев (Русия) мағлуб гардид ва соҳиби медали нуқра шуд.

Ду варзишгари дигарамон – Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷои ҳафтумро сазовор гардиданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо 197 варзишгар (130 мард, 67 зан) аз 14 давлат ширкат карданд.

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 8 нафар иборат буд – Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Амирҷони Насимҷон (-90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг).