12.08.2021
: 751
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар як бозии рафиқона бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуданд.
Бозии рафиқона миёни тимҳои наврасони то 15-солаи Тоҷикистону Узбекистон шоми 11 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуд.
Бозингари тими меҳмон Амирбек Саидов дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод. Бозингари мунтахаби мо Азиз Зарифӣ дар дақиқаи 27 ҳисобро баробар кард. Билол Бобоев дар дақиқаи 29 ва Амирҷон Бақоев дар дақиқаҳои 31 ва 37 се голи дигар зада, Тоҷикистонро ба пеш бароварданд. Азиз Зарифӣ қабл аз ҷамъбасти нимаи аввали дидор голи дуюми худ ва панҷуми мунтахаби моро зад. Дар нимаи дуюм меҳмонон фаъол гардида, тавассути Иброҳимҷон Турсуналиев дар дақиқаи 69 ва Оллаберган Каримов дар дақиқаи 77 ду гол зада, ҳисобро тағйир доданд (5:3). Боз ҳам футболбозони навраси Тоҷикистон ташаббус ба даст гирифтанд ва Меҳрубон Ҳамидов дар дақаи 78 голи шашумро ба ҳадаф расонд.
Рӯзи ҷумъа, 13-уми август, мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Узбекистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дуюми рафиқона доир мекунанд.