Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ИСТИҚЛОЛ” БА ҶОИ ДУЮМ БАРОМАД

09.08.2021

: 684

7-8 август, пас аз танаффуси якмоҳа, бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Истаравшан» дар майдони худ бар тими «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳар ду голро Ҷаъфар Исмоилов зад.

КМВА низ дар майдони худ бар тими «Хатлон» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Бозингари тими артиш Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 5 ҳисобро кушод. Тими меҳион тавассути зарбаи нишонраси Жан Гатен дар дақиқаи 8 ҳисобро баробар намуд. Голи пирӯзиоварро Комрони Мирзонажод дар чорум дақиқаи вақти иловагӣ зад (90+4).

Бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Душанбе» мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари тими Кӯлоб Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 21, душабегиҳо тавассути голи Ҷамшед Муродов дар дақиқаи 87 ҷавоб доданд.

Дар бозии дигари давр «Куктош» дар майдони худ аз тими «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Голҳои хуҷандиҳоро Артём Сердюк, Самандар Очилов ва Дилшод Бозоров, голи тими мизбонро Муҳаммад Саломзода ба номашон сабт карданд.

Дар бозии охирини даври чордаҳум «Истиқлол» ба дарвозаи «Файзканд» чор голи беҷавоб зад. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев, Ислом Зоиров, Алишер Ҷалилов ва Анвар Муродов (автогол) заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии чордаҳ давр “Хуҷанд” бо 28 хол аз 13 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Истиқлол”, ки нисбат ба “Хуҷанд” ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 24 хол ба ҷои дуюм баромад. Ду дастаи дигари вилояти Суғд – “Истаравшан” (22 хол) ва “Эсхата” (20 хол) дар ҷоийҳои сеюму чорум мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври понздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 14-15 август баргузор хоҳад шуд. 14 август ду бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Равшан», «Файзканд» – «Истаравшан», 15 август бошад се бозӣ миёни тимҳои «Хатлон» – «Истиқлол», «Душанбе» – КМВА ва «Эсхата» – «Куктош» доир мегарданд.

   ДАСТАҲО         Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1   "Хуҷанд" (Хуҷанд)      13    9  1  3  29-14    28  
 2  "Истиқлол" (Душанбе)      11  7  3  1  26-6  24
 3  "Истаравшан" (Истаравшан)     14  6  4  4  16-12  22
 4  "Эсхата" (Хуҷанд)  14  6  2  6  22-27  20
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  13  4  5  4  16-16  17
 6  "Хатлон" (Бохтар)  14  4  5  5  15-16  17
 7  КМВА (Душанбе)  13  3  5  6  13-21  14
 8  "Душанбе" (Душанбе)  14  3  5  6  18-29  14
 9  "Файзканд" (Восеъ)  13  3  4  6  10-17  13
 10     "Куктош" (Рӯдакӣ)  14  3  4  7  18-28  13