09.08.2021
: 803
Шоми дирӯз – 8-уми август – маросими пӯшидашавии 32-юм Бозиҳои Олимпиада дар Токио Ҷопон баргузор шуд.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах зимни суханронӣ гуфт, ки Олимпиадаи Токио-2020 дар пасманазари пандемияи COVID-19 ба ҷаҳон умед бахшид.
Томас Бах дар Варзишгоҳи миллии Токио Бозиҳои олимпии соли 2020-ро пӯшида эълон кард. Бозиҳои олимпии Токио бо сабаби бӯҳрони глобалии тандурустӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, назар ба нақша як сол дертар баргузор шуд.
Як қатор чораҳои зидди COVID-19 аз ҷониби созмондиҳандагон барои таъмини бехатарии варзишгарон амалӣ карда шуданд, аммо ба мухлисон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳо иҷозат дода нашуд.
Томас Бах дар муроҷиат ба варзишгарон гуфт: "Шумо моро бо ин қудрати муттаҳидкунандаи варзиш илҳом бахшидед. Ин бо дарназардошти мушкилоти зиёде, ки шумо бо сабаби пандемия дучор шудед, боз ҳам аҷибтар буд. Дар ин замони душвор, ки ҳамаи мо аз сар мегузаронем, шумо ба ҷаҳон қиматтарин тӯҳфа – умед - медиҳед. Бори аввал аз замони оғози пандемия, тамоми ҷаҳон ҷамъ омаданд. Варзиш ба марҳилаи марказӣ баргашт. Миллиардҳо нафарро дар саросари ҷаҳон эҳсосот муттаҳид мекарданд, лаҳзаҳои шодӣ ва илҳомро мубодила мекарданд. Ин ба мо умед мебахшад. Ин ба мо эътимод ба оянда мебахшад. Бозиҳои олимпии Токио-2020 Бозиҳои олимпии умед, ҳамбастагӣ ва сулҳ мебошад".
"Ҳеҷ калимае барои тавсиф кардани он чизе ки шумо дар Токио ба даст овардаед, вуҷуд надорад, - гуфт Ҳошимото. Шумо он чизеро, ки тасаввурнашаванда менамуд, қабул кардед, фаҳмидед, ки чӣ кор кардан лозим аст ва бо меҳнат ва истодагарӣ душвориҳои аҷибро паси сар мекунед. Ин ба Олимпиадаи ҳақиқӣ расонд. Ғалабаи хурсандонаи як варзишгар мағлубияти талхи дигаре аст. Бо вуҷуди ин, дар як лаҳза, ғолиб ва мағлуб дар ҳамон эҳсоси эътироф ва эҳтиром ҷамъ меоянд. Ин зебоии Бозиҳои олимпӣ аст. Ин арзиши рӯҳияи олимпӣ аст”.