08.08.2021
: 769
2-7 август бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар сабқати инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) пирӯз шуд. Ӯ дар финал бар Стефэн Сач аз Британияи Кабир ғалаба кард. Миёни духтарон бошад, Виктория Милованова (Россия) ғолиб шуд. Ҳамватанаш Валерия Ивановская ҷои дуюмро сазовор шуд.
Дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) ҳамроҳи Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввалро гирифтанд. Ҷуфти Саид Аброров ва Исмоил Харутдинов аз Узбекистон дуюм шуданд. Миёни духтарон ду ҷуфт аз Узбекистон - Муниса Ашурбекова / Мафтунабону Қаҳрамонова ҷои аввал, Алия Мусобекова / Оминахон Валихонова ҷои дуюмро сазовор гардиданд.
Дар 11-ум мусобиқаи байналмилалии оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Россия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шриланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок карданд.