06.08.2021
: 697
Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаи 25 метр ба маблағи умумии 2.8 миллион доллари ИМА, ҷоизаи мусобиқаҳои инфиродӣ бошад, 50 дарсад афзоиш ёфт.
15-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаи 25 метр 16-21 декабри соли 2021 дар шаҳри Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад.
Президенти тозаинтихоби Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) Ҳусайн Ал-Мусаллам гуфт: "Расо ду моҳ пеш, вақте ки ман ба вазифа интихоб шудам, ба оилаи шиноварон ваъда дода будам, ки ба варзишгарон афзалият медиҳам, маблағи ҷоизаҳоро афзун мекунам ва кафолат медиҳам, ки дар варзиши мо ҳеҷ гуна табъиз вуҷуд надорад. Варзишгарон набзи қалби варзишҳо дар об ҳастанд. Онҳо сазовори беҳтарин мусобиқаҳо ва мукофоти пулӣ ҳастанд, ки мавқеашонро ҳамчун бузургтарин варзишгарони ҷаҳон инъикос мекунад”.
14-ум Чемпионати ҷаҳонии FINA дар масофаи 25 метр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин моҳи декабри соли 2018 баргузор шуда буд. Иёлоти Муттаҳида дар мусобиқаҳо бартарӣ дошт ва 17 медали тилло ба даст овард.