05.08.2021
: 887
Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон дар доираи гранти ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Шамсулло Соҳибов 1-уми август дар шаҳри Душанбе курси омӯзиширо барои доварон оғоз кард, ки то 10-уми август идома меёбад.
Курсро раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев мегузаронад. Доварон муддати 10 рӯз ҳам тариқи назариявӣ, ҳам тариқи амалӣ усулу қоидаҳои ҳендболро меомӯзанд ва имкон пайдо мекунанд, ки мусобиқоти ҳендболро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳакамӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Шамсулло Соҳибов барои рушди федератсияҳои миллии варзишӣ грант ҷудо намуданд. 17 федератсияи миллӣ аз ин грант, ки ҳар кадом 50 000 сомониро ташкил медиҳад, бархурдор шуданд.