31.07.2021
: 1068
31 июл ду варзишгари охирини Ҳайати олимпии Тоҷикистон – Баҳодур Усмонов дар намуди бокс ва Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук – мусобиқа карданд.
Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввали вазни -63кг бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда буд, дар ҳаштякфинал аз варзишгари Узбекистон Элнур Абдураимов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гардид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр иштирок кард. Миёни мардон дар ин масофа 26 нафар дар се гурӯҳ сабқат намуданд ва 10 нафарашон, ки натиҷаи беҳтар доштанд, ба нимфинал роҳ ёфтанд. Илдар дар гурӯҳи сеюм бо натиҷаи 10.66 сония чорум ва миёни 26 нафар иштирокчӣ ҷои 12-умро сазовор гардид. Натиҷаи беҳтаринро дар марҳилаи интихобии дав ба масофаи 100 метр намояндаи Уммон Баракат ал Ҳартӣ нишон дод (10.27).
Ҳамин тариқ, ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон иштирокашон дар Бозиҳои олимпии Токиоро ба анҷом расониданд ва аз медалҳои Олимпиадаи Токио-2020 бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз даҳ варзишгар иборат буд – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук).
Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки 23 июли соли равон оғоз гардид, то 8-уми август идома меёбад. Пас аз нуҳ рӯзи рақобатҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 19 медали тилло, 11 нуқра, 11 биринҷӣ пешсаф аст. Ҷопон бо 17 тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ дар ҷои дуюм, ШМА бо 16 тилло, 17 нуқра, 11 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Умуман, варзишгарони 70 давлат ба гирифтани медали олимпӣ, аз ҷумла намояндагони 42 давлат ба дарёфти медали тилло даст ёфтаанд.