Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ДАВРИ ҲАШТЯКНИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021 ДОИР ШУДАНД

02.08.2021

: 717

31 июл ва 1 август бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд ва 8 дастаи лигаи олӣ ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд.

Тибқи низомнома, бозиҳои 1/8 аз як бозӣ иборат буд. Бозиҳои ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон низ аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат хоҳад буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Дар даври ҳаштякфинал «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ аз дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 3:6 шикаст хурд. Сунатулло Исмоилов аз дастаи шаҳри Бохтар 3 гол, Акбар Бобомуродов аз тими шаҳри Турсунзода 2 гол ба номашон сабт карданд.

Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) бар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Голҳои тими ғолибро Шарафҷон Солеҳов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Дилшод Восиев, Сайёди Ковусшо ва Умедҷон Холиқов заданд.

“Ҳулбук”-и Восеъ дар майдони худ аз дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Футболбози дастаи шаҳри Кӯлоб Зиёвуддин Фузайлов дар дақиқаи 20 ҳисобро кушод, бозингари дастаи мизбон Муҳаммадшариф Саидхоҷа дар дақиқаи 37 ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюм Ҳасан Рустамов ва Эффаҳ Кингслей Осей ба фоидаи тими “Равшан” ду голи дигар зада, ғалабаи тими Кӯлобро таъмин карданд.

Дастаи дигари лигаи олӣ - «Эсхата»-и Хуҷанд ба дарвозаи «Саройкамар»-и Панҷ се голи беҷавоб зад. Бозингари тими Панҷ Хисрав Раҳимов дар дақиқаи 2 ба дарвозаи дастааш гол зад. Ду голи дигарро Акобир Тураев ва Амирҷон Раҳимов ба номашон сабт карданд.

«Хуҷанд» бошад, ба дарвозаи тими «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов шаш голи беҷавоб зад. Далер Ёдгоров ду гол Парвиз Боқиев, Эҳсон Бобоев, Артём Сердюк ва Нозим Бобоҷонов якголӣ заданд.

Дар ду бозии дигар “Файзканд”-и Восеъ бар тими “Моҳир”-и Ёвон, “Истаравшан” бар дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуданд. Голи “Файзканд”-ро Анвар Муродов, голи “Истаравшан”-ро Саидмухтор Азимов ба номашон сабт карданд.

Дар бозии охирини даври ҳаштякфинал «Истиқлол» тими «Душанбе»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Нимаи аввали дидор бе гол хотима ёфт. Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61 “Истиқлол”-ро ба пеш баровард. Зоир Ҷурабоев пас аз ҳашт дақиқа ҳисобро афзуд (2:0). Бозингари тими “Душанбе” Фарҳод Қосимов дар дақиқаи 82 як гол зад.

Ҳамин тариқ, ҳашт дастаи лигаи олӣ – “Хатлон”, КМВА, “Равшан”, “Эсхата”, “Хуҷанд”, “Файзканд”, “Истаравшан” ва “Истиқлол” муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар даври чорякфинал идома медиҳанд.