Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ОЛИМҶОН ВА АНАСТАСИЯ ДАР МУСОБИҚАИ ШИНОВАРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ШИРКАТ КАРДАНД

30.07.2021

: 805

30 июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи шиноварии тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардҳо ва бонувон баргузор шуд, ки дар он варзишгарони мо Олимҷон Ишанов ва Анастасия Тюрина ширкат карданд.

Миёни мардҳо 73 нафар дар 10 гурӯҳ рақобат карда, 16 нафар, ки натиҷаи беҳтар нишон доданд, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Олимҷон Ишанов дар гурӯҳи сеюм бо натиҷаи 26.12 сония чорум ва миёни ҳамаи иштирокчиён 60-ум шуд. Натиҷаи беҳтаринро дар ин масофа варзишгари ШМА Каелеб Дрессел нишон дод – 21.32.

Миёни бонувон бошад, 81 нафар дар 11 гурӯҳ сабқат намуданд ва ин ҷо низ 16 нафар бо натиҷаи беҳтарин ба нимфинал роҳ ёфтанд. Варзишгари мо Анастасия Тюрина бо натиҷаи 29.05 сония дар гурӯҳи сеюм ҷои аввал ва миёни ҳамаи иштирокчиён ҷои 62-юмро гирифт. Эмма Мкеон аз Австралия натиҷаи 24.02 сонияро нишон дода, рекорди олимпиро (24.05), ки Раномӣ Кромовидҷоҷо соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон гузошта буд, тағйир дод.

Ҳамин тариқ, варзишгаронамон дар намуди шиноварӣ низ иштирокашон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро анҷом доданд. Аз 10 варзишгар, аъзои Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио, 8 нафараш мусобиқотро анҷом дода, аз медал бенасиб монданд.

Фардо – 31 июл Баҳодур Усмонов дар намуди бокс, дар вазни -63кг мусобиқаро дар даври 1/8-финал муқобили варзишгари Узбекистон Элнур Абдураҳимов ва Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр мусобиқотро идома медиҳанд.