Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 МИЁНИ ҶАВОНОН (U-23) ДАР ДУШАНБЕ ДОИР МЕШАВАД

12.07.2021

: 865

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавононро қабул мекунанд, тасдиқ кард. Бозиҳои гурӯҳи “В” аз 23 то 31 октябри соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавонони то 23-сола мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ мекунад.

Дар маросими қуръакашӣ 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим шуданд: дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Ғарб дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва АМА доир мегардад. Дар минтақаи Шарқ бошад, Муғулистон, Индонезия, Сингапур ва Тайпейи Чин мизбон интихоб шуданд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23), ки аз 1 то 19 июни соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, ғолибони 11 гурӯҳ ва чор дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавонон (U-23):

Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Сурия, Қатар (мизбон), Яман, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «В»: Эрон, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Лубнон, Непал.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон, Малдив.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Кувайт (мизбон), Узбекистон.
Гурӯҳи «Е»: АМА (мизбон), Уммон, Ҳиндустон, Қирғизистон.
Гурӯҳи «F»: Урдун (мизбон), Фаластин, Туркманистон.

Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Австралия, Чин, Индонезия (мизбон), Бруней.
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур (мизбон), Тимори Шарқӣ, Филиппин.
Гурӯҳи «I»: Ветнам, Мянма, Ҳонг Конг, Тайпейи Чин (мизбон).
Гурӯҳи «J»: Тайланд, Малайзия, Лаос, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «К»: ҶХДК, Ҷопон, Камбоҷа.