Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД

ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД ИШТИРОКЧИЁНИ КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД

13.07.2021

: 593

13 июл дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз, ки 3 июл оғоз шуда буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Директори курс, мудири Бахши коргузорӣ ва таҳлилу иттилооти КМО Тоҷикистон Баҳриддин Айниддинзода ва намояндаи Федератсияи тенниси рӯи миз Наргис Ғафурова иштирокчиёнро, ки аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе буданд, барои бомуваффақият ҷамъбаст кардани курси омӯзишӣ шодбош гуфта, ба коршиноси байналмилалии тенниси рӯи миз аз Уммон Муҳаммад Атум барои табодули таҷриба муддати 10 рӯз изҳори миннатдорӣ карданд.

Қайд гардид, ки КМО Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди варзиш, аз ҷумла баланд бардоштани савияи дониши мураббиён чораҳои амалӣ меандешад.

“Ин аввалин маротиба аст, ки курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиён аз рӯи дараҷаи 2 мегузарад. Дар ин кор Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз кӯмак кард ва Муҳаммад Атумро, ки соли 2019 курси омӯзишии дараҷаи аввалро гузаронида буд, пешниҳод намуд”, - иброз дошт Б. Айниддинзода.

Муҳаммад Атум барои дар шароити вазнини имрӯза ташкил ва баргузор кардани ин курси омӯзишӣ ба КМО Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ташаккур гуфт. Аз иштирокчиёни курс даъват кард, ки ҳарчи дар муддати даҳ рӯз омӯхтаанд, ба шогирдон омӯзонанд ва ҳамеша барои тақвияти дониши худ кӯшиш намоянд.

Сипас ба 20 нафар мураббии тенниси рӯи миз, аз ҷумла 8 бону барои иштирокашон дар курси техникӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Соли 2019 чунин курси омӯзишӣ баргузор шуда буд, ки аз 20 нафар иштирокчӣ, 12 нафар соҳиби сертификати дараҷаи 1-и Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз шуданд. Акнун онҳо ҳам назариявӣ, ҳам амалӣ омӯзиш диданд ва дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳон соҳиби сертификати дараҷаи 2 мегарданд.