Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФЕДЕРАТСИЯҲОИ БОКС ВА ҶУДО ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИРО ҚАДРДОНӢ КАРДАНД

ФЕДЕРАТСИЯҲОИ БОКС ВА ҶУДО ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИРО ҚАДРДОНӢ КАРДАНД ФЕДЕРАТСИЯҲОИ БОКС ВА ҶУДО ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИРО ҚАДРДОНӢ КАРДАНД ФЕДЕРАТСИЯҲОИ БОКС ВА ҶУДО ИШТИРОКЧИЁНИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИРО ҚАДРДОНӢ КАРДАНД

12.07.2021

: 674

Федератсияҳои дӯстдорони бокс ва ҷудои Тоҷикистон варзишгаронашонро, ки роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овардаанд, қадрдонӣ намуданд.

Федератсияи дӯстдорони бокс варзишгарон Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуровро бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуда, ҳамчунин ба онҳо либоси варзишӣ тақдим кард.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон низ ба чор варзишгараш, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, мукофоти пулӣ ва либоси варзишӣ тақдим намуд.

Маҷмӯи лавозимоти варзишии ҷудочиён иборат аз болопӯши варзишӣ, пироҳани варзишӣ, шалвори варзишӣ, пойафзол ва ҷузвдон мебошад.

Ҳамаи лавозимот бо номи варзишгар, кишвар ва парчами миллии Тоҷикистон оро дода шудааст.

Либоси ягонаи варзишии ҳайати олимпии Тоҷикистонро бошад, Ширкати ватании “Iamdifferent” таъмин мекунад, ки маҷмӯи либос аз 20 номгӯ иборат аст ва он 10 июл дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.