Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШИНОВАРӢ: МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

ШИНОВАРӢ: МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ШИНОВАРӢ: МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ШИНОВАРӢ: МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ШИНОВАРӢ: МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД ШИНОВАРӢ: МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ШУД

30.06.2021

: 660

27-29 июн дар Маҷмааи варзишии “Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки ҳар сол бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, дар баробари шиноварони Тоҷикистон, варзишгарон аз кишварҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Варзишгарон дар масофаҳои 50 метр, 100 метр, 200 метр, 400 метр равияҳои тарзи озод, пуштнокӣ, батерфляй, брасс, инчунин эстафета сабқат карданд.

Сардовари мусобиқа довари дараҷаи байналмилалии FINA Шерзод Иногамов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.

Бештари медалҳоро варзишгарони Россия ба даст оварда (13 тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ), ҷои аввалро ишғол намуданд. Ҷои дуюми даставӣ бо 9 медали тилло, 11 нуқра, 5 биринҷӣ насиби тими Узбекистон шуд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 5 нуқра, 13 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол намуд.



Дар доираи мусобиқа, ҳамчунин миёни Федератсияҳои миллии шиноварии Тоҷикистону Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери санад котиби генералии Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва котиби генералии Федератсияи шиноварии Узбекистон Шерзод Иногамов имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, ба котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо “Сипоснома”-и Федератсияи шиноварии Узбекистон тақдим карда шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон:

50 метр, тарзи озод
Мардҳо
1. Дмитрий Черкасов, Россия – 00:23.12
2. Роман Кузнетсов, Россия – 00:24.47
3. Ҳоҷиакбар Абдуҷалилов, Узбекистон – 00:25.07

Бонувон
1. Ирина Злобина, Россия – 00:26.22
2. Наталия Критинина, Узбекистон – 00:26.97
3. Муслима Ҷумабоева, Узбекистон – 00:27.78

50 метр, брасс
Мардҳо
1. Олимҷон Одилов, Узбекистон – 00:30.06
2. Александ Лобанов, Россия – 00:30.85
3. Дмитрий Баладин, Россия – 00:31.03

Бонувон
1. Кристина Лебедева, Россия – 00:34.00
2. Карина Климик, Тоҷикистон – 00:40.31
3. Сабрина Яқубова, Тоҷикистон – 00:50.12

50 метр, баттерфляй
Мардҳо
1. Натан Муҳиддинов, Узбекистон – 00:25.03
2. Дмитрий Черкасов, Россия – 00:25.53
3. Егор Петренков, Россия – 00:25.59

Бонувон
1. Даря Данилюк, Россия – 00:28.63
2. Муслима Ҷумабоева, Узбекистон – 00:29.00
3. Варвара Медведева, Россия – 00:29.75

50 метр, пуштнокӣ
Мардҳо
1. Дмитрий Баладин, Россия – 00:29.07
2. Ҳоҷиакбар Абдуҷалилов, Узбекистон – 00:29.50
3. Умедҷон Исломзода, Тоҷикистон – 00:30.18

Бонувон
1. Ирина Злобина, Россия – 00:30.64
2. Даря Данилюк, Россия – 00:33.28
3. Екатерина Бордачева, Тоҷикистон – 00:34.72

100 метр, тарзи озод
1. Дмитрий Черкесов, Россия – 00:54.56
2. Ҳоҷиакбар Абдуҷалилов, Узбекистон – 00:55.71
3. Ардашер Гадоев, Тоҷикистон – 00:57.72

Бонувон
1. Наталия Критинина, Узбекистон – 01:00.06
2. Наталия Зеленская, Узбекистон – 01:00.22
3. Муслима Ҷумабоева, Узбекистон – 01:01.00

100 метр, брасс
Мардҳо
1. Дмитрий Баландин, Россия – 01:07.92
2. Роман Беркович, Россия – 01:08.72
3. Абдулло Самиев, Тоҷикистон – 01:21.30

Бонувон
1. Кристина Лебедева, Россия – 01:23.30
2. Анастасия Тюрина, Тоҷикистон – 01:35.58
3. Сабрина Яқубова, Тоҷикистон – 01:51.98

100 метр, баттерфляй
Мардҳо
1. Фахриддин Мадкамов, Тоҷикистон – 01:02.54
2. Александр Лобанов, Россия – 01:02.82
3. Азамат Туйчиев, Тоҷикистон – 01:14.97

100 метр, пуштнокӣ
Мардҳо
1. Роман Кузнетсов, Россия – 01:02.07
2. Умедҷон Исломзода, Тоҷикистон – 01:08.91
3. Олимҷон Ишанов, Тоҷикистон – 01:13.63

Бонувон
1. Ирина Злобина, Россия – 01:15.47
2. Екатерина Бордачева, Тоҷикистон – 01:30.63
3. Евгения Забалуева, Тоҷикистон – 01:48.90

200 метр, тарзи озод
Мардҳо
1. Егор Петряков, Узбекистон – 01:54.75
2. Олимҷон Одилов, Узбекистон – 01:54.85
3. Бекмурод Кенҷаев, Узбекистон – 01:57.03

Бонувон
1. Анастасия Зеленская, Узбекистон – 02:10.56
2. Афсона Ниёзова, Узбекистон – 02:14.40
3. Варвара Медведева, Россия – 02:18.19

200 метр, пуштнокӣ
Мардҳо
1. Дмитрий Черкесов, Россия – 02:19.56
2. Умедҷон Исломзода, Тоҷикистон – 02:39.91
3. Рамзиёр Хоркашов, Тоҷикистон – 03:19.18

200 метр, маҷмӯӣ
Мардҳо
1. Егор Петряков, Узбекистон – 02:13.35
2. Натан Муҳиддинов, Узбекистон – 02:15.13
3. Дмитрий Баладин, Россия – 02:17.88

400 метр, тарзи озод
Мардҳо
1. Олимҷон Одилов, Узбекистон – 04:09.30
2. Бекмурод Кенҷаев, Узбекистон – 04:09.43
3. Дмитрий Черкесов, Россия – 04:15.43

4х100 метр, тарзи озод
Омехта
1. Россия – 03:49.69
2. Узбекистон – 03:50.78
3. Тоҷикистон – 04:12.38

4х100 метр, тарзи озод
Мардҳо
1. Узбекистон – 03:35.75
2. Россия – 03:36.97
3. Тоҷикистон – 04:03.25