Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШИРКАТ МЕКУНАД

30.06.2021

: 695

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо роҳбарии сармураббии нав Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки 25-30 июл дар Бангкок баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар мусобиқа иштироки 8 даста дар назар аст. Дар баробари мунтахаби Тоҷикистон, дастаҳои футзали Тайланд, Литва, Эрон, Узбекистон, Миср, Мозамбик ва Косово иштирокашонро дар мусобиқаи мазкур тасдиқ кардаанд.

Қуръакашии мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021» рӯзҳои наздик доир мегардад.

Барои мунтахаби футзали Тоҷикистон мусобиқаи Бангкок як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳсуб меёбад, ки 13-24 октябр баргузор мешавад.