Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2021: ДУШАНБЕ-1 ВА ВМКБ - ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2021: ДУШАНБЕ-1 ВА ВМКБ - ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2021: ДУШАНБЕ-1 ВА ВМКБ - ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ

30.06.2021

: 1399

Ҳафтаи гузашта дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ мусобиқа оид ба волейбол баргузор шуд.

Дар Душанбе мусобиқа миёни мардҳо доир гашт. Дар он 7 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ ва ШНТМ нахуст дар ду гурӯҳ бозӣ карданд.

Гурӯҳи А – Душанбе-1, ВМКБ, Хатлон-2
Гурӯҳи Б – Хатлон-1, Душанбе-2, Суғд, ШНТМ

Дастаҳои Душанбе-1, ВМКБ аз гурӯҳи “А”, Душанбе-2, Суғд аз гурӯҳи “Б” дар нимфинал бозиҳояшонро идома доданд. Дар ин давр Душанбе-1 бар дастаи Суғд ва Душанбе-2 бар тими ВМКБ пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфтанд.

Дар финал тими Душанбе-2 бар дастаи Душанбе-1 зафар ёфта, ғолиби мусобиқа гардид.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм ВМКБ дастаи Суғдро шикаст дод.

Волеболбоздухтарон бошанд, дар Хоруғ сабқат карданд. Дар мусобиқаи бонувон 5 даста иштирок карданд ва тими ВМКБ ҷои аввалро ишғол намуд. Душанбе ҷои дуюм, Суғд ҷои сеюмро сазовор гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 21 май шуруъ гардид, 15 намуди варзиш ворид буд ва имрӯз, 30-юми июн бо натиҷагирии мусобиқаи бокс анҷом меёбад.