Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2021: ДУШАНБЕ-2 - ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҲЕНДБОЛ

21.06.2021

: 755

13-17 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба ҳендбол баргузор шуд.

Ба иттилои раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, дар мусобиқа 7 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, ШНТМ-1, ШНТМ-2, Хатлон-1, ВМКБ ва Суғд ширкат карда, тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.

Дар натиҷа, дастаи Душанбе-2 бо ба даст овардани 12 хол ҷои аввалро сазовор шуд. ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Душанбе-1 бо 8 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.