Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СЕМИНАРИ ТЕКБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОЛИМПӢ

СЕМИНАРИ ТЕКБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОЛИМПӢ СЕМИНАРИ ТЕКБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОЛИМПӢ СЕМИНАРИ ТЕКБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОЛИМПӢ СЕМИНАРИ ТЕКБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОЛИМПӢ СЕМИНАРИ ТЕКБОЛ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОЛИМПӢ

21.06.2021

: 654

21 июн дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ семинари омӯзишии текбол оғоз гардид, ки то 23 июн идома меёбад.

Ба иттилои Федератсияи текболи Тоҷикистон, семинарҳои омӯзишӣ бо дастгирии Федератсияи байналмилалии текбол дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар баргузор шуданд.

Коршиноси Федератсияи байналмилалии текбол Адам Бако бо иштирокчиёни семинар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ доир мекунад. Иштирокчиёни семинарҳо минбаъд ҳамчун мураббии текбол варзишгаронро ба мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ омода мекунанд. Ҳамчунин, онҳо санҷиш супорида, дорои дараҷаи доварӣ мегарданд.

Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ бахшида шуд. Иштирокчиён дар баробари мавзӯъҳои семинар оид ба ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон маълумот гирифта, осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро тамошо карданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, 19 июн бо машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз ёфт ва то 23 июн идома меёбад.