Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАНҶ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚА БА ХОТИРАИ КОСАНОВ

21.06.2021

: 667

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар 30-юм мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов шаш медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст овард.

Мусобиқа имсол дар сатҳи нав - Continental Tour Bronze Label - 19-20 июн бо иштироки беш аз 200 варзишгари 13 давлат: Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Малдив, Малайзия, Эрон, Миср, Афғонистон, Туркманистон, Шри-Ланка, Қатар, Тоҷикистон ва Нидерланд дар Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ҳайати Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.46 метр сазовори медали тилло шуд. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.75 сония медали биринҷӣ ба даст овард.

Дастаи Тоҷикистон (Фаворис Музрапов, Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Григорий Дерепаскин) дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.29 сония медали нуқра гирифт.

Абдурауф Мусоев дар партоби гулула бо натиҷаи 11.46 метр ва гурзандозӣ бо натиҷаи 63.79 метр ду медали биринҷӣ ба даст овард. 

Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 300 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 200 доллар ва барои ҷои сеюм 100 доллари ИМА тақдим гардид.