Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧҶ-2022: ТОҶИКИСТОН МУҚОБИЛИ ҶОПОН БОЗӢ КАРД

07.06.2021

: 591

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар даври нуҳуми марҳилаи дуюми интихобии Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд.

Голро дар ҳайати Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 9-уми дидор зад. Ин аввалин гол ба дарвозаи тими Ҷопон дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 мебошад.

Дар бозии дигари гурӯҳ Муғулистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Тими мунтахаби Тоҷикистон бо 10 хол дар ҷои дуюми ҷадвали гурӯҳи “F” қарор дорад. Бозии навбатии шогирдони Усмон Тошев бо тими миллии Мянмар 15 июн дар Ҷопон баргузор мешавад.

   ДАСТАҲО                  Б     Ғ     М     Б     Т-Т      Х   
 1    Ҷопон  7  7  0  0  41-1  21
 2  ТОҶИКИСТОН  7  3  1  3  10-12    10
 3  Қирғизистон  6  2  1  3  10-6  7
 4  Мянмар  6  2  0  4  5-23  6
 5  Муғулистон  8  2  0  6  3-27  6