Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДУШАНБЕ НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ ДОИР МЕШАВАД

08.06.2021

: 809

13-уми июни соли равон, дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ доир мегардад.

Дар ин бора сомонаи расмии созмон (sectsco.org) хабар додааст. Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил медиҳад.

Кишварҳои узви СҲШ варзишро ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими таъмини сулҳ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устувор эътироф мекунанд.

Ҳар сол дар фазои СҲШ силсилаи марафонҳои СҲШ, инчунин бисёр чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд. 30 апрели соли равон дабири кулли СҲШ Владимир Норов зимни як нишасти матбуотии мавзӯӣ дар бораи баргузории Ниммарафони байналмилалии Душанбе хабар дода буд.