Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “TAJIKISTAN OPEN–2021” ОИД БА ТЕННИС ҶАМЪБАСТ ШУД

07.06.2021

: 2148

Аз 31 май то 5 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон - “Tajikistan Open–2021” баргузор шуд.

Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқа 95 варзишгар аз 11 кишвар: Англия, Белорус, ИМА, Қазоқистон, Олмон, Россия, Словакия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Узбекистон иштирок карданд.

Дар қувваозмоиҳои инифродӣ миёни писарон намояндаи Россия Амирҳамза Насриддинов пирӯз шуд. Ӯ дар финал Дэвид Шварс аз Словакияро мағлуб намуд.

Миёни духтарон низ, намояндаи Россия София Михайлова ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Злата Чиннова аз Узбекистон ба даст овард.

Дар рақобати ҷуфти писарон ҷуфти Амирҳамза Насриддинов (Россия) / Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, ҷуфти Ҷош Мануел (Англия) / Дэвид Шварс (Словакия) ҷои дуюмро гирифтанд.

Миёни духтарон ҷуфти Сасинка Виктория (ИМА) / Раисса Петровская (Қазоқистон) мақоми аввал, ҷуфти Сабрина Олимҷонова / Шаҳноза Маримова (Узбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Ғолибони мусобиқа бо диплом ва ифтихорномаҳои Федератсияи тенниси Тоҷикистон сарфароз гардида, мавқеашонро дар радабандии Федератсияи байналмилалии теннис беҳтар карданд.

Аз 7 то 12 июн мусобиқаи дуюми байналмилалӣ “Tajikistan Open-2021” баргузор мешавад.