Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САМБОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 22 МЕДАЛ ГИРИФТАНД

САМБОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 22 МЕДАЛ ГИРИФТАНД САМБОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 22 МЕДАЛ ГИРИФТАНД САМБОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 22 МЕДАЛ ГИРИФТАНД

07.06.2021

: 1645

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 22 медал ба даст оварданд.

Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 4-6 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд. Дар он варзишгарон аз 10 давлати қора иштирок карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 45 нафар (22 нафар калонсолон, 10 нафар ҷавонон, 13 нафар наврасон) ба Тошканд сафарбар гардида, сазовори 22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд.

Медаҳои тиллоро Ҳамроз Раҷабов дар вазни -79кг миёни калонсолон, Меҳровар Чақалов дар вазни 64кг, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни 71кг миёни наврасон ва Бобохон Мирзозода дар вазни 58кг дар самбои размӣ сазовор шуданд.

Фирдавс Насимов (98кг) миёни калонсолон, Субҳиддин Халилзода (71кг), Тӯйчибек Шарифов (79кг), Озодбек Назарбекзода (88кг), Бахтовар Бобохонов (98кг) миёни ҷавонон, Суннатулло Лоиқов (79кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (88кг), Ҷаҳонгир Ҳайдарзода (98кг) миёни наврасон ва Табрезшоҳ Парпишоев (79кг) дар самбои размӣ медали нуқра ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷӣ насиби Масъуд Қуқаншоев (-58кг), Муҳаммадисо Раҷабов (71кг), Деваштич Убайдӣ (79кг), Хуршед Маҷидов (+98кг) миёни калонсолон, Ҷаҳонгир Камолов (64кг), Давлатҷон Назриев (+98кг) миёни ҷавонон, Анушер Гулов (58кг), Иброҳимҷон Элмуродов (98кг) миёни наврасон ва Сорбон Латифов (64кг) дар самбои размӣ гардид.